LIVE

«Реал» нақшаи ҷалби Погбаро таҳрезӣ кард

«Реал» дигарбора нақша кашид то аз «Манчестер Юнайтед» Пол Погбаро ба ҳайати худ ҷалб созад. Дар ин бора  Daily Mail иттилоъ додааст.
Қаблан гуфта мешуд, ки  «Реал» футболбози дастаи фаронсавии «Ренн» - Эдуардо Камавинҷиро талаб кардааст, аммо мадридиҳо барои футболбози 17 сола маблағи калон пардохт кардан намехоҳанд, дастаи «Ренн» низ арзиши ӯро поён фароварданӣ нест. Баъди ин ҳолат «Реал» боз хостори Погба шудааст. Гуфта мешавад, ки хариди ниммуҳофизатгар ягона мақсади асосии «Реал» дар соли равон маҳсуб мешавад.
Погба бо «Юнайтед» то 30-юми  июни соли 2021 шартнома дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив