LIVE

Пол Погба то соли 2022 аз футбол маҳрум шуд

AS хабар медиҳад, ки нимҳимоятгар Пол Погба имсол ба «Манчестер Юнайтед» ёрӣ расонида наметавонад.
Ба навиштаи рӯзнома, футболбози 28-сола бинобар  ҷароҳате, ки дар рафти тамрини тими миллии Фаронса бардошта буд, шаш ҳафта ба майдон баромада наметавонад.

Нимҳимоятгари фаронсавӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб таҳти назорати мураббии инфиродӣ худро барқарор хоҳад кард.

Дар мавсими ҷорӣ Погба дар 13 вохӯрии "Манчестер Юнайтед" 7 партофти головар  сабт намудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив