LIVE

"Реал" ба хотири Погба аз баҳри Кроос мегузарад

«Реал» ва «Манчестер Юнайтед» нақша доранд, ки бозигарони худро иваз мекунанд. Ба иттилои манбаъ, «Клуби шоҳона» метавонад нимҳимоятгар Тони Кроосро бифурӯшад ва ё бо Пол Погба иваз намоянд. Ёдовар мешавем, ки Погба соли 2016 аз “Ювентус” ба “Манчестер Юнайтед” гузашта буд. Нархи гузариш 100 миллион евро буд. Нимҳимоятгари 29-сола дар мавсими ҷорӣ дар 20 бозии Лигаи Англия баромад карда, як гол ва 9 партофти головар кардааст. Дар айни замон арзиши трансферии футболбози фаронсавӣ 55 миллион евро арзёбӣ мешавад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки Погба бинобар ҷароҳати дар бозии мавқуф гузошташудаи даври 30-юми Премйер-Лига бо «Ливерпул» (0:4) дигар дар ҳайати даста бозӣ намекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив