LIVE

Номи дастаи ояндаи Моуринйо дар Англия маълум шуд

Сармураббии бошгоҳи туркии «Фенербахче»  Жозе Моуринйо эътимолан фаъолияти варзишии худро дар Англия идома медиҳад.
Бино ба навиштаи The Sun мутахассиси португалӣ номзади асосӣ ба вазифаи сармураббии тими “Эвертони Англия” маҳсуб мешавад.
«Эвертон» айни ҳол дар зинаи 16-уми ҷадвали чемпионати Англия қарор дошта, аз 19 бозӣ 17 имтиёз дорад.
Ёдовар мешавем, ки Жозе Моуринйо тобистони соли 2024 дастаи «Фенербахче»-и Туркияро раҳбарӣ мекунад. Ин мутахассис қаблан  дастаҳои «Рома», «Тоттенхэм», «Манчестер Юнайтед», «Челси», «Реал Мадрид», «Порту», «Лейрия» ва «Бенфика»-ро тамрин медод.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив