LIVE

Жозе Моуринйо тарки "Рома" мекунад?

Президенти Федератсияи футболи Нигерия Амаджу Пинник аз сӯҳбат бо сармураббии дастаи «Рома» Жозе Моуринйо дар робита ба таъйин шудан ба вазифаи сармураббии тими миллии Нигерия хабар дод.

«Бо Моуринйо суҳбатҳо буданд. Дар байни мо муколама буд. Вазири варзиш низ бо Моуринйо суҳбат кард ва дар ин ҳеҷ айбе нест",- мегӯяд Пинник.

Ёдовар мешавем, ки Моуринйо тобистони имсол роҳбарии «Рома»-ро ба уҳда гирифт. Шартномааш бо дастаи итолиёвӣ то соли 2021 эътибор дорад. Дар мавсими ҷорӣ «Рома» таҳти роҳбарии Моуринйо 27 бозӣ гузаронидааст.  (16 ғалаба, 8 мағлубият ва 3 бор мусовӣ)

Қабл аз дастаи "Рома" ӯ дар «Тоттенхэм Хотспур», «Манчестер Юнайтед», «Челси», «Реал Мадрид», «Интер», «Порту», «Униан Лейрия» ва «Бенфика» кор кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив