LIVE

Натиҷаҳои ғайриқаноатбахши Моуринйо бо “Фенербахче”

“Фенербахче” таҳти роҳбарии сармураббии португалӣ Жозе Моуринйо дар муқобили дастаҳое, ки ҳоло дар шашгонаи беҳтарини чемпионати Туркия қарор доранд, ягон пирӯзӣ ба даст наовардааст.
“Фенербахче” аз “Галатасарой” ва “Бешиктош” шикаст хӯрд ва инчунин бо “Самсунспор”, “Эюпспор” ва “Гозтеппа” холҳоро қисмат кард.
Пас аз 16 бозии чемпионати Туркия шогирдони Моуринйо 36 имтиёз ба даст оварда, айни ҳол аз «Галатасарой»-и пешсаф 5 имтиёз қафо монда, дар ҷои дуюм қарор мебошанд, дар ҳоле ки пешсафони лига як бозӣ дар эҳтиёт доранд. Мутахассиси португалӣ тобистони соли гузашта вазифаи сармураббии дастаи «Фенербахче»-ро бар ӯҳда гирифта буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив