LIVE

Жозе Моуринйо - сармураббии нави «Фенербахче» таъин шуд

Бошгоҳи истамбулии “Фенербахче” эълон кард, ки мутахассиси португалӣ Жозе Моуриньо сармураббии нави ин даста таъин шудааст.
"Хуш омадед, Special One", навиштааст бошгоҳи туркӣ дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter).
Ҳанӯз чанде пеш дар расонаҳои варзишӣ хабарҳо оиди ба тими «Фенербахче» рафтани муттахассиси 61-сола гуфта мешуд.
Ҷои кори охирини Моуринйо бошад «Рома» буд, ки онҷо ӯ аз соли 2021 то январи соли 2024 кор мекард. Таҳти роҳбарии ин мураббии португалӣ бошгоҳи итолиёвӣ ғолиби Лигаи Конференсияҳо шуд ва ҳамчунин дар финали Лигаи Аврупо  низ бозӣ кард.
Тибқи натиҷагирии мавсими қаблии Суперлигаи   Туркия  Фенербахче бо 98 имтиёз  ва бо камбуди се хола аз “Галатасарой” дар зинаи дуюм қарор гирифт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив