LIVE

Мусовии «Фенербахче» ва «Манчестер Юнайтед» дар даври сеюми Лигаи Аврупо

Бозии даври 3-юми марҳилаи умумии Лигаи Аврупо- 2024/2025, ки дар он дастаҳои «Фенербахче»-и Туркия ва «Манчестер Юнайтед»-и Англия вохӯрданд, ба анҷом расид. Дастаҳо дар варзишгоҳи Улкер Фенербахче Шүкру Сарачоғлуи шаҳри Истанбул бозӣ намуда, вохӯрӣ бо натиҷаи   1:1 хотима ёфт.
Лигаи Аврупо. Марҳилаи умумӣ. Даври 3-ум
25-уми октябри соли 2024, ҷумъа. 00:00 бо вақти Душанбе
“Фенербахче” (Туркия) 1:1 “Манчестер Юнайтед” (Англия)
0:1 Эриксен – 15'     1:1 Эн-Несири – 49'
Дар дақиқаи 15-ум нимҳимоятгари дастаи “Манчестер Юнайтед” Кристиан Эриксен ҳисобро боз кард. Голи ҷавобии «Фенербахче»-ро ҳамлагар Юсеф Эн-Носирӣ ба самар расонд. Дар дақиқаи 58-ум бошад сармураббии бошгоҳи туркӣ Жозе Моуринйо корти сурх гирифт.
Тибқи ҷамъбасвти бозиҳои ҳашт давр ҷадвали иборат аз 36 даста тартиб дода мешавад. Ҳашт дастаи беҳтарин ба таври мустақим ба марҳилаи 1/8 финалӣ баромада, бошгоҳҳои аз ҷойҳои 9-ум то 24-ум барои роҳ ёфтан ба 1/8 финал рақобатҳои плей-оффро анҷом медиҳанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив