LIVE

«Фенербахче» аз иштирок дар Суперлигаи Туркия даст кашиданист

Имрӯз, 2-юми апрел аъзоёни бошгоҳи футболи  «Фенербахче» оиди масъалаи баромадани бошгоҳ аз  Суперлигаи Туркия овоз медиҳанд, иттилоъ медиҳад журналист Бен Ҷейкобс дар шабакаи иҷтимоии Х (пештар Twitter).  
Пештар хабар дода мешуд, ки  «Фенербахче» метавонад  чемпионатро вобаста ба ҳамлаи мухлисони «Трабзонспор» ба бозигарони ин тим дар даври 30-юми мусобиқаи дохилӣ тарк намояд. Бошгоҳ варианти гузариш ба лигаҳои Белгия, Нидерланд, Испания, Фаронса ва Италияро баррасӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки баъди ҳуштаки ниҳоии бозии даври 30-юми Суперлигаи Туркия бозигарони «Фенербахче» истиқболи гарм аз пирӯзӣ дар маркази майдон менамуданд, ки ин ба мухлисони дастаи мизбон писанд наомад ва онҳо ба майдон давиданд. Сипас ҷанг дар миён сар зад, ки дар он бозигарони тими меҳмон низ иштирок доштанд.
Дар ҷадвали чемпионати Туркия «Фенербахче» бо касби 79 хол дар зинаи дуюм қарор дошта,  «Трабзонспор» баъди се давр бо 49 хол дар зинаи сеюм ҷойгузин аст. Дар зинаи аввал бошад «Галатасарой» мебошад, ки  81 хол дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив