LIVE

Суперлигаи Туркия низ аз бозгашти худ дарак дод

То имрӯз дар Туркия зиёда аз 78 ҳазор нафар аз вартаи коронавирус наҷот ёфтаанд. Инро ба назар гирифта, роҳбарияти Федератсияи футболи ин кишвар тасмим гирифт, то бозиҳои футболро аз нав ба роҳ монад. Президенти Федератсияи футболи Туркия - Ниҳат Оздемир эълон намуд, ки  аз 12 июн тамоми Лигаҳои касбӣ бозиҳои мавсими 2019-2020 - ро шуруъ мекунанд. Хушбахтона рӯз то рӯз шумораи беморон дар кишвар коҳиш меёбад. Мо бояд эҳтиёткорона рафтор намуда, қоидаҳои беҳдоштро риоя кунем, зикр намуд, Оздемир. Ҳар як дастаи Суперлигаи Туркия то лаҳзаи танаффус 26 бозӣ анҷом додааст. Дастаи “Трабзонспор” бо дарёфти 53 имтиёз зинаи аввалро касб мекунад. Истамбул Башекшехир ва “Галатасарай”  мутаносибан зинаҳои дуюму сеюмро ишғол мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив