LIVE

Энрике бидуни маош кор мекунад

Сармураббии мунтахаби Испания - Луис Энрике аз Федератсияи футболи кишвар хоҳиш кардааст, ки музди ӯро 25 дарсад коҳиш диҳад, хабар медиҳад AS. Тибқи иттилои манбаъ маоши мутахассис барои як сол 1,5 миллион евроро ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ бо шарофати Энрике федератсия 375 ҳазор евро сарфа мекунад. Мураббӣ тасмим гирифт, ки ба федератсия дар давраи бӯҳрон, ки кӯмаки худро расонад. Ёдовар мешавем, ки бинобар хурӯҷи коронавирус Чемпионати Аврупо-2020 ба тобистони соли 2021 гузаронида шуд. Ҳама бозиҳои дӯстона бо иштироки тимҳои миллӣ низ бекор карда шуданд. Энрике моҳи июли соли 2018 тими миллиро бар дӯш гирифт, аммо тобистони соли 2019 бинобар бемории вазнини духтараш, ки баъдан аз олам даргузашт, мақомашро тарк кард. 19-уми ноябр Энрике дубора ба тими миллӣ баргашт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив