LIVE

Галатасарай пеш аз мӯҳлат қаҳрамони Суперлигаи Туркия шуд

Бошгоҳи Галатасарай пеш аз мӯҳлат қаҳрамони Суперлигаи Туркия гардид. Истамбулиҳо шоми гузашта дар доираи рақобатҳои даври 36-ум тими Анкарагюджюро бо ҳисоби 4-1 шикаст доданд. Мауро Икарди дар даҳаи аввал ҳисобро кушод ва дар дақиқаи 16-ум Милсон натҷиаро баробар кард. То ба танаффус рафтан беҳтарин нишонзани тими Галатасарай  Мауро Икарди голи дуюми хешро ба ҳадаф расонид. Ҳамин тавр пеш аз 1 давр бошгоҳи Стамбулӣ соҳиби 82 имтёиза шуд ва тими дуюм Фенербахче соҳиби 77 имтиёз мебошад.  Бошгоҳи Галатасарай маротибаи 23-юм қаҳрамони ин кишвар гардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив