LIVE

«Истанбул Башакшехир» қаҳрамони ҷадиди Туркия

Дар бозии даври 33-юми чемпионати Туркия бошгоҳи «Истанбул Башакшехир» бо ҳисоби минималии 1 бар 0 тими «Кайсериспор»-ро мағлуб намуда, қаҳрамони мусобиқа гардид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи  «Башакшехир Фатих Терим»  доир гардид. Дар дақиқаи 19-уми пайти аввали нерусанҷӣ Маҳмут Текдемир аз партофти Гаэл Клиш истифода намуда, голи ягонаи дидорро зад. Дар дақиқаи 36-ум соҳибони майдон имкон доштанд то таносубро дуболо кунанд, аммо нимҳимоятгар  -  Эдин Вишча натавонист пеналтиро ба гол табдил диҳад. Дар дастаи “Башакшехир”  як қатор футболбозони шинохтаи сайёра аз қабили Мартин Шкртел, Робинйо, Гаэл Клиши ва Демба ҳунарнамоӣ мекунанд. Бошгоҳи  «Башакшехир Фатих Терим» 15-уми июни соли 1990 таъсис ёфта, ин қаҳрамонӣ барои тими мазкур дар “Суперлига”- и Туркия аввалин ба ҳисоб меравад. Ин аввалин ғалабаи  «Истанбул Башакшехир» дар Суперлигаи Туркия маҳсуб мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив