LIVE

“Сити” баъди 11 сол аввалин дастаи англисие шуд, ки “Реал”-ро дар Бернабеу шикаст дод

Дар бозии аввали марҳилаи 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо ду дастаи муқтадири сайёра - Реал Мадрид ва Манчестер Сити дидор намуданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи муҳташами «Сантяго Бернабеу»-и Мадрид баргузор гардида, бо ҳисоби 2 бар 1 ба суди меҳмонон хотима ёфт.  Муаллифи голи аввали вохӯрӣ футболбози тими Реал - Иско гардид. Иско дар дақиқаи 60-уми пайти дуюми рақобат партофти ҳамдастааш - Винисиус Жуниорро истифода намуда, ҳисобро кушод. Бо гузораи 18 дақиқа форварди шаҳриҳо - Габриэл Жезус таносубро барқарор намуд. Дар дақиқаи 82-юм довар ба дарвозаи соҳибони майдон ҷаримаи 11 метра таъин намуд. Пеналтиро Кевин Де Брёйне  бехато иҷро намуда, пирӯзии тимашро таъмин сохт. Ҳамчунин дар охири дидор ҳимоятгари Реал - Серхио Рамос  бо гирифтани корти сурх майдонро тарк намуд. Акнун Рамос дар бозии  ҷавобӣ, ки 17-уми март дар шаҳри Манчестер баргузор мегардад, дастаашро кӯмак карда наметавонад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив