LIVE

Жозе Моуринйо метавонад ҳамдастаи Карим Бензема шавад

«Ал-Иттиҳод»-и саудӣ дар ҷустуҷӯи сармураббии нав баъди аз кор ҷавоб додани муттахассиси португалӣ Нуну Эшпириту Санту мебошад.
Чӣ тавре журналист Руди Галетти дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳад, роҳбарияти «Ал-Иттиҳод» дар даъвати сармураббии «Рома» Жозе Моуринйо ба вазифаи сармураббии тими саудӣ иштиёқманд аст.
Пештар иттилоъ дода мешуд, ки Жозе Моуринйо метавонад тими римро бо анҷоми мавсими-2023/2024 тарк намояд. Дар     сафи «Ал-Иттиҳод» ҳамлавари фаронсавӣ Карим Бензема баромад мекунад, ки бо ӯ муттахассиси португалӣ дар «Реал» кор карда буд.
Ёдрас мекунем, ки Моуринйо «Рома»-ро аз соли  2021 тамрин дода, бо тими римӣ ӯ ғолиби Лигаи конференсияҳо дар мавсими-2021/2022 шуда буд. Айни ҳол «Рома» дар зинаи ҳафтуми ҷадвали чемпионати Италия қарор дошта, дастаи Моуринйо 17 хол баъди 11 давр ба даст овардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив