LIVE

Серияи А Моуринйоро ҷазо дод

Сармураббии «Рома» Жозе Моуринйо дар чемпионати Италия аз як бозӣ маҳрум карда шуд.

Ба иттилои Football Italia, мутахассиси португалӣ барои корти сурх гирифтанаш дар бозии даври 7-уми Серия А бо «Аталанта» (0:1) чунин ҷазо гирифтааст. Онҷо мураббӣ аз қарорҳои доварон норозигии худро шадидан баён кард. Ҳамин тариқ, Моуринйо наметавонад дар бозии даври 8-ум бо «Интер» (1 октябр) дастаашро роҳбарӣ кунад.

Пас аз ҳафт давр «Рома» бо касби 13 имтиёз дар ҷадвали мусобиқоти қаҳрамонии Италия дар ҷои шашум қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив