LIVE

Жозе Моуринйо аз вазифа барканор шуд

Чӣ тавре аз хадамоти матбуотии тими римӣ расман иттилоъ доданд,   Жозе Моуринйо аз вазифаи сармураббии дастаи «Рома» барканор карда шуд.
Тибқи иттилоъи расонаҳо Даниэле де Росси  номзади асосӣ ба ҷои  Моуринйо мебошад.
Қарори барканор шудани Жозе аз вазифаи сармураббигии тими римӣ ҳам баъди бохт аз тими “Милан” бо ҳисоби 1-3 ар доираи даври 20-уми Серияи А бароварда шуд.
Рома баъди анҷоми 20 даври Серияи А бо 8 пирӯзӣ, 5 мусовӣ, 7 бохт ва 29 хол дар зинаи нӯҳуми ҷавал қарор дорад.
Моуринйо дастаро аз моҳи майи соли 2021 тамрин дода, таҳти роҳбарии ӯ римиҳо ғолиби Лигаи конференсияҳо дар соли 2022 ва иштирокчии финали Лигаи Аврупо- 2023 гардида буданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив