LIVE

“Ал-Наср” бо топ мураббӣ шартнома бастан мехоҳад

Дастаи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ ба ҷустуҷӯи сармураббии нав шуруъ кардааст.  Ҳоло ду номзад барои сармураббигии даста пешниҳод шудаанд, ки инҳо Зинедин Зидан ва Жозе Моуринйо мебошанд.

Роҳбарияти даста аллакай бо ин сармураббиҳо гуфтушунидро оғоз кардааст. Қайд карда мешавад, ки барои ҳарду сармураббӣ дастаи шаҳри Риёз омодааст, ки дар як мавсим 50 млн евро пардохт намояд. Зидан ин пешниҳодро баррасӣ кардан мехоҳад.
Жозе Моуринйо бошад,  мехоҳад дар Аврупо боқӣ  бимонад. Ӯ қаблан пешниҳоди  дастаи Арабистони Саудиро рад карда буд.
Ёдовар мешавем, ки як рӯз пеш  мутахассиси фаронсавӣ Руди Гарсия  аз симати сармураббигии дастаи “Ал-Наср”  барканор шуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив