LIVE

Жозе Моуриню дар Туркия сармураббӣ мешавад

Муттахассиси португалӣ Жозе Моуриню метавонад маснади мураббигии худро дар чемпионати Туркия идома диҳад.
Чӣ тавре The Sun хабар медиҳад, дар хизматрасониҳои Моуриню ба таври ҷиддӣ «Фенербахче»-и Истанбул иштиёқманд аст.
Охирин бошгоҳи мураббии португалӣ «Рома» буд, ки онро ӯ моҳи январи соли 2024 тарк намуд. Мутттахассиси португалӣ бошгоҳи итолиявиро аз соли 2021 тамрин медод. Дар мавсими-2021/2022 «Рома» ғолиби Лигаи конференсияҳо гардида буд. Дар мавсими-2022/2023 «гургон» то финали Лигаи Аврупо расида буданд. Таҳти роҳбарии Моуриню «Рома» дар умум 96 бозӣ гузаронида, ба 44 пирӯзӣ ва 23 мусовӣ расиданд ва 29 маротибаи дигар шикаст хӯрд.
Ранее Моуриню ҳамчунин дастаҳои «Тоттенхэм», «Манчестер Юнайтед», «Челси», «Реал», «Интер», «Порту», «Лейрия» ва «Бенфика»-ро тамрин додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив