LIVE

"Нюкасл" Моуринюро боз ба Англия даъват мекунад

Соҳибони тими «Нюкасл» мехоҳанд сармураббии «Рома» Жозе Моуринюро ба дастаашон даъват созанд. Ба иттилои манбаъ, роҳбарияти бошгоҳи инглисӣ кӯшиш мекунад, ки мутахассиси 59-солаи португалиро  роҳбари «Нюкасл» интихоб созанд.
Сармураббии хозираи «Нюкасл» Эдди Хоу кори аъло карда, командаро аз минтақаи Лигаи якум ба мобайни чадвал баровард ва ба мухлисони клуб табдил ёфт. 
Ёдовар мешавем, ки Жозе Моуриню ду маротиба дар Премйер-лигаи «Челси»-ро қаҳрамон кардааст. Бо ин бошгоҳ португалӣ се бор барандаи Лигаи Англия шуд. Инчунин, Жозе Моуриню дар Англия сармураббии «Манчестер Юнайтед» ва «Тоттенхэм» низ буд.
Худи мураббии португалӣ чанде пеш изҳор дошт, ки ният дорад дар мавсими оянда дар «Рома» бимонад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив