LIVE

«Тоттенхэм» роҳи халосӣ аз Жозе Моуринюро мекобад

Агар клуби «Тоттенхэм» дар охири мавсим дар Премйер Лигаи Англия ба минтақаи Лигаи Чемпионҳо наафтад, «Тоттенхэм» бо Жозе Моуриню ҳамкориро ба охир мерасонад. Роҳбарияти клуб аллакай ҷойгузини мураббии португалиро муайян кардааст. 
Дар ҳолати барканоршавӣ, вазифаи Моуринюро сармураббии кунунии «РБ Лейптсиг» Юлиан Нагельсманн ишғол карда метавонад. Маоши ӯ камтар аз 7 миллион евро хоҳад буд, дар ҳоле ки Жозе дар Лондон 15 миллион мегирад. Довталаби дигар сармураббии "Лестер" - Брендан Роҷерс аст, аммо даъвати ӯ мушкилтар аст.  Дар сурати аз кор рафтан, Моуриню 34,5 миллион евро ҷубронпулӣ мегирад. Шартномаи ӯ барои 2,5 соли дигар пешбинӣ шудааст. 
Мураббии 58-сола бо «Тоттенхэм» аз моҳи ноябри соли 2019 кор мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив