LIVE

Моуриню ғолиби чор мусобиқоти аврупоӣ

Жозе Моуриню пас аз пирӯзӣ дар Лигаи Конференсия бо “Рома” дастоварди таърихӣ гузошт. Моуриню аввалин мураббие шуд, ки бо чаҳор дастаи гуногун дар мусобиқоти аврупоӣ ғолиб омад. Дар бозии ниҳоии Лигаи Конференсия «Рома»-и Моуриню бар «Фейеноорд» бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд ва дар таърих аввалин дастае шуд, ки дар ин мусобиқа пирӯз гардид. Ёдовар мешавем, ки қаблан Моуриню бо дастаҳои “Порту” мавсими солҳои 2003/2004 ва “Интер” 2009/2010 ду бор ғолиби Лигаи Чемпионҳо шудааст. Инчунин португалӣ дар замони сармураббии “Манчестер Юнайтед”  Лигаи Аврупоро (2016/2017) ба даст овардааст. Илова бар ин, Моуриню ҳамроҳ бо “Порту” дар мавсими солҳои 2002/2003 барандаи Ҷоми УЕФА гардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив