LIVE

Моуриню аввалин мураббие аст, ки ба финали ЛЧ, ЛА ва Лигаи Конференсия баромадаст

«Рома» дар бозии ҷавобии нимфиналии Лигаи Конференсия бар «Лестер Сити» ғалаба кард (1:0). Аз рӯи ҷамъи ду бозӣ (1:1, 1:0) шогирдони Жозе Моуриню ба финали мусобиқа роҳ ёфтанд.
Ба шарофати ин, мутахассиси португалӣ аввалин мураббие шуд, ки тавонист дастаҳоро ба финалҳои Лигаи Чемпионҳо (Порту, Интер), Лигаи Аврупо (Манчестер Юнайтед) ва Лигаи Конференсия расонад. Бояд гуфт, ки бо ҳар як даста Моуриню соҳиби ҷоиза мешавад. Илова бар ин, соли 2003 португалӣ бо дастаи «Порту» соҳиби Ҷоми УЕФА гардид.
Ёдовар мешавем, ки Лигаи Конференсия дар мавсими имсола бори аввал баргузор мешавад. "Рома" дар бозии ниҳоӣ бо "Фейеноорд" рақобат мекунад.  Бозии ниҳоии Лигаи Конференсия 25-уми май дар варзишгоҳи “Комбетаре” шаҳри Тиранаи Албания баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив