LIVE

Расман:«Тоттенхэм» аз Лигаи конференсия хориҷ шуд

Тибқи иттилои сомонаи расмии Иттиҳоди Ассотсиатсияҳои Футболи Аврупо (УЕФА) ба «Тоттенхэм» дар бозии марҳилаи гурӯҳии Лигаи Конференсия бар зидди “Ренн”- Фаронса, ки қаблан бинобар хуруҷи коронавирус дар клуби Лондон мавқуф гузошта шуда буд, ҳисоби техникӣ дод.
Вохӯрӣ бояд рӯзи 9-ум декабр дар Лондон баргузор мешуд. Парвандаи мазкур аз ҷониби Кумитаи назорати интизом ва ахлоқи УЕФА баррасӣ шуд ва баъдан он ба кумитаи шикоятӣ фиристода шуд, ки тибқи муқаррарот ба «Тоттенхэм» шикасти техникӣ дод.
Ҳамин тариқ, «Тоттенҳэм» бо 7 имтиёз дар гурӯҳи "G" дар зинаи севум қарор гирифт ва аз Лигаи Конференсия хориҷ шуд. Дастаи «Ренн» дар гурӯҳ ғолиб омада, ба даври 1/8 ниҳоӣ роҳ ёфт.  «Витесси»-и Ҳолланд, ки дуввум шуд, дар даври плей-офф бо «Рапид»-и Вена бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив