LIVE

Чор бозии Премйер Лигаи Англия ба таъхир гузошта шуд

Ҳанӯз даври 17-уми Премйер-Лигаи Англия ба анҷом нарасидааст, вале аллакай маълум аст, ки ба он таъхир афтодани бозиҳо ба даври баъдӣ таъсир мерасонад.

Қаблан, "Манчестер Юнайтед" эълон кард, ки муборизаи рӯзи шанбе бо "Брайтон" ба далели  сирояти коронавирус дар ҳайати  "манкунианҳо" ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта шуд ва пас аз ин "Вест Хэм" низ чунин хабарро эълон кард.
Ба иттилои хадамоти матбуоти дастаи «Вест Хэм», вохӯрии онҳо бо «Норвич», ки  рӯзи шанбе таъйин шуда буд, тибқи тақвим сурат намегирад.
Ба иттилои сомонаи расмии Премйер-Лига, бозии дастаҳои "Саутгемптон" - "Брентфорд", "Уотфорд" - "Кристал Пэлас" ва "Эвертон" - "Лестер Сити" низ мавқуф гузошта шуданд.

Ёдовар мешавем, ки як рӯз қабл дидори “Уотфорд” ва “Бёрнли” ба далели хуруҷи коронавирус  баргузор нашуд. Инчунин, бозигарони "Тоттенхэм", ки мебоист бо "Лестер" бозӣ мекарданд, ба майдон баромада наметавонанд. Ин сеюмин бозии мавқуфшуда  барои "Тоттенхэм" дар Премйер Лига мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив