LIVE

"Тоттенхэм"-иштирокчии даври плей-оффи Лигаи Аврупо

Дастаи "Тоттенхэм"-и Англия, ки шомили гурӯҳи J мусобиқоти Лигаи Аврупо мебошад, бозии шашуми худро бо "Антверпен"-и Белгия доир намуд.   Дар дақиқаи 57-ум Винисиус Мораис ҳисобро кушод. Дар дақиқаи 71-ум Ҷованни Ло Челсо   голи дуюми дастаашро марбути номи худ кард. Бо ҳамин ҳисоби 2 бар 0  вохӯрии мазкур ба нафъи "Тоттенхэм" ба анҷом расид.  Дар бозии дигари  гурӯҳи мазкур   "Ласк"-и Австрия "Лудогоретс"-ро бо ҳисоби 3 бар 1 шикаст дод.  Бо ҳамин дастаи  "Тоттенхэм" бо дарёфти  13 имтиёз аз зинаи якум ба даври плей-оффи Лигаи Аврупо баромад.  "Антверпен" низ аз ҷойи дуюм роҳхати даври навбатиро соҳиб шуд.   "Ласк"  Лигаи Аврупоро  дар мавқеи сеюми марҳилаи гурӯҳӣ ҷамъбаст намуд. "Лудогоретс" бошад, имтиёзе ба даст оварда натавонист.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив