LIVE

«Лейптсиг» бо ҳисоби калон бар «Тоттенхэм» даст ёфт

Дар бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳои Аврупо тими “Лейптсиг” - и Олмон дастаи «Тоттенхэм Хотспур» -и Англияро ба ҳузур пазируфт. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи «Ред Булл-Арена»-и Лейптсиг доир гардида, бо ҳисоби 3 бар 0 ба суди соҳибони майдон хотима ёфт. Дар дақиқаи 10-уми бозӣ нимҳимоятгари тими  “Лейптсиг” - Марсел Забитсер ҳисобро кушод. Бо гузораи 11 дақиқа Забитсер ба номаш дублро сабт намуд. Хавбеки “Лейптсиг” - Эмил Форсберг дар дақиқаи 87-ум ба бозӣ нуқта гузошт. Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввал дар Лондон тими “Лейпсиг” бо ҳисоби 1 бар 0 пирӯз гардида буд. Бо ҳамин тартиб пас аз баргузории ду бозӣ ин бошгоҳи олмонӣ бо ҳисоби калони 4 бар 0 пирӯз шуда, роҳи худро ба марҳилаи ¼ ниҳоӣ ҳамвор намуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив