LIVE

Голи Шомуродов ба «Рома» пирӯзӣ овард

Дар бозии аввали даври интихобии Лигаи Конференсия дар майдони «Шенол Гюнеш (Медикал Парк Арена)»-и Трабзон (Туркия) дастаи «Трабзонспор» бо «Рома» вориди рақобат гардид. Бозӣ бо ҳисоби 1:2 ба нафъи дастаи итолиёвӣ хотима ёфт. 

«Рома» ҳисоби бозиро дар дақиқаи 55-уми дидор боз кард. Муаллифи гол Лоренсо Пеллегрини гардид. Аммо баъди чанд лаҳза Андреас Корнелиус дар дақиқаи 64-уми бозӣ ҳисобро баробар кард. Голи натиҷаоварро барои шогирдони Жозе Моуринйо бозигари нави даста Элдор Шомуродов ба ҳадаф расонид. Ин голи аввали Элдор дар бозии расмӣ бо пероҳанҳои «Рома» аст.

Бозии ҷавобии «Рома» ва «Трабзонспор» 26 август доир мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив