LIVE

Расман: Шомуродов футболбози "Рома"

Ҳамлагари ӯзбек  Элдор Шомуродов бо "Рома" -и Италия  шартнома баст. Қабл аз ин футболбози 26-сола  дар дастаи “Ҷеноа” бозӣ мекард. Шомуродов бо «Рома» шартномаи панҷсола имзо кард - то охири моҳи июни соли 2026. Дар дастаи наваш  Элдор таҳти рақами 14 баромад мекунад. "Ҷеноа" тибқи шартнома  метавонад  аз фурӯши минбаъдаи бозигар  фоиз талаб кунад.
Ёдовар мешавем, ки Шомуродов соли 2020 аз "Ростов" ба “Ҷеноа” омад. Арзиши интиқоли ҳамлагар 7,5 миллион евро буд. Дар мавсими 2020/2021 ҳамлагари 26-сола дар Серияи А-и Италия 31 бозӣ гузаронида, 8 гол ва 1 партофти головар анҷом додааст. Портали интернетии Transfermarkt Шомуродовро 7 миллион евро нархгузорӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив