LIVE

Футболбози ӯзбек дар Серияи А бозӣ мекунад

Элдор Шомуродов аз дастаи “Ростов” ба «Ҷеноа»-и Италия гузариш кард. Элдор Шомуродов ҳамлагари тими миллии Ӯзбекистон метавонад корномаи варзишии худро дар Италия идома диҳад. Дар мавриди ҷавони 25-солаи ӯзбек клубҳо ба мувофиқа расиданд. Гуфта мешавад, ки ин муомилот наздики 8 миллион евроро дар бар гирифтааст.
Шомуродов аз соли 2017 дар ҳайати “Ростов” бозӣ мекард. Қабл аз  Россия дар ватани худ дар тимҳои “Бунёдкор” ва “Машъал” бозӣ кардааст. Элдор Шомуродов аз соли 2015 ба дастаи мунтахаби Ӯзбекистон даъват карда мешавад. Дар мавсими ҷорӣ форвард дар 8 бозии Премйер Лигаи Россия ширкат варзида, ба задани гол даст наёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив