LIVE

Хавертс баъд аз чанд лаҳза бозигари “Челси” мешавад

футболбози 21-солаи олмонӣ аз муоинаи тиббии табибони дастаи “Челси” гузашт. Барои ин гузариш бошгоҳи лондонӣ 80 миллион евро ва 20 миллион дигар ҳамчун мукофот пардохт хоҳад кард. “Байер”-и Олмон дар маҷмуъ барои ин ниммуҳофизатгари худ 100 миллионе евро фойда ба даст меорад. 
Хавертс аз соли 2016 дар ҳайати  “Байер” бозӣ мекунад. Дар мавсими 2019/2020 нимҳимоятгар дар 30 бозии Бундеслигаи Олмон ширкат варзида, 12 гол зада, 6 партофти головар анҷом додааст. Аз соли 2018 футболбоз ба дастаи мунтахаби Олмон даъват карда мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив