LIVE

Миннатдории "Реал" ба Ашраф Ҳакимӣ

Яке аз пурсадотарин гузариш дар мавсими транферии тобистона ин рафтани ғайри интизори дастпарвари “Реал” Ашраф Ҳакимӣ ба тими итолёвии “Интер” маҳсуб мешавад. Ҳакими 21 сола яке аз беҳтарин дифогар дар ду мавсими охир гуфта мешуд, аммо бовуҷуди он бошгоҳи шоҳона ӯро дар ҳайати худ ҷалб насохту буҷаи молиявии худро ғанӣ гардонид. Тими футболи “Реал”-и Испания дастпарвари худ Ашраф Ҳакимиро ба бошгоҳи “Интер”-и Италия равон кард. Ду соли худ муҳофизатгари марокашӣ корномаи варзишии худро дар дастаи “Боруссия”  ба ҳайси иҷора идома дод. Аммо билохира ҳайати дортмундиҳоро баъд аз ду соли ҳунарнамоӣ   тарк кард ва ба Милан сафар карда, бо дастаи “Интер” қарордод баст.  Тавре гуфта мешавад, “Реал” бо “Интер”  дар мавриди гузариши ин футболбози ҷавон ба мувофиқа расид.  Миланиҳо бар ивази муҳофизатгари канорӣ 40 млн евро пардохт карданд, ки ба назари таҳлилгарон барои як ҷавони соҳибистеъдоду босуръат чунин балағ ин кам мебошад. Баъд аз гузариши Ашраф аз назорати табибони бошгоҳи миланӣ “Реал” дар сомонаи расмии худ ба муҳофизатгари 21 сола изҳори миннатдорӣ баён намуда, хулқу рафтор ва касбиати ӯро вазф намуда, барояш дар дастаи нав барору комёбиҳо хондааст. Ёдовар мешавем, ки Ашраф Ҳакимӣ сар аз соли 2006 дар сохтори дастаи мадридӣ қарор дошт.  Дар навбати худ ба муҳофизатгари мунтахаби марокаш дастаҳои   “Боруссия”- Дортмунд ва “Бавария” низ таваҷҷуҳ доштанд. Дар мавсими ҷорӣ Ашраф Ҳакимӣ дар 32 бозии Чемпионати Олмон ширкат карда, ба задани 5 гол ва 10 партофти головар даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив