LIVE

Ҳакимӣ ба Милан сафар кард

Тими футболи “Реал”-и Испания дастпарвари худ Ашраф Ҳакимиро ба бошгоҳи “Интер”-и Италия равон мекунад. То ба ҳол муҳофизатгари марокашӣ корномаи варзишии худро дар дастаи “Боруссия”-Д  ба ҳайси иҷора идома медод. Аммо билохира ҳайати дортмундиҳоро баъд аз ду соли ҳунарнамоӣ  тарк кард ва ба Милан сафар карда, гуфтушунидро дар мавриди бастани қарордод идома медиҳад. Тавре гуфта мешавад, “Реал” бо “Интер”  дар мавриди гузариши ин футболбози ҷавон ба мувофиқа расидааст.  Ашраф низ ҳавасманди бозгашт ба дастаи мадридиро надорад, зеро дар “Реал” ба ӯ вақти ками майдондорӣ дода мешавад. Миланиҳо бар ивази муҳофизатгари канорӣ   40 млн евро пешниҳод кардаанд ва сафедпӯшонро ин маблағ қонеъ мекунад.  Дар навбати худ ба муҳофизатгари мунтахаби марокаш дастаҳои   “Боруссия”-Дортмунд ва “Бавария” низ таваҷҷуҳ доштанд. Дар мавсими ҷорӣ Ашраф Ҳакимӣ дар 32 бозии Чемпионати Олмон ширкат карда, ба задани 5 гол ва 10 партофти головар даст ёфтааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив