LIVE

Ашраф ба Мадрид наомада, боз ба Милан сафар мекунад

Тими футболи “Реал”-и Испания дастпарвари худ Ашраф Ҳакимиро ба бошгоҳи “Интер”-и Италия равон мекунад. Феълан муҳофизатгари марокашӣ корномаи варзишии худро дар дастаи “Боруссия”-Д ҳамчун футболбози иҷоравӣ мегузаронад. 
Тавре гуфта мешавад, “Реал” бо “Интер”  дар мавриди гузариши ин футболбози ҷавон қариб, ки ба мувофиқа расидааст.  Ашраф низ ҳавасманди бозгашт ба дастаи мадридиро надорад, зеро дар “Реал” ба ӯ вақти ками майдондорӣ дода мешавад. Миланиҳо бар ивази муҳофизатгари канорӣ  40 млн евро пешниҳод кардаанд ва сафедпӯшонро ин маблағ қонеъ мекунад.  Дар навбати худ ба муҳофизатгари мунтахаби марокаш дастаҳои  “Боруссия”-Дортмунд ва “Бавария” низ таваҷҷуҳ доранд. 
Дар мавсими ҷорӣ Ашраф Ҳакимӣ дар 32 бозии Чемпионати Олмон ширкат карда, ба задани 5 гол ва 10 партофти головар даст ёфтааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив