LIVE

Дифоъгари «Реал» ба «ПСЖ» ё «Юве» меравад

Муҳофизатгари дастаи «Реал» - Ашраф Хакимӣ, ки айни замон ҳамчун футболбози иҷоравӣ дар тими «Боруссия» бозӣ мекунад, имкон дорад то фаъолияти худро дар дастаҳои «Пари Сен-Жермен» ва «Ювентус» идома диҳад. Дар ин бора Calciomercato хабар додааст. Гуфта мешавад, ки парижиҳо ҷойгузини Том Мёне, ки тобистон шартномааш хотима меёбад, ҷустуҷӯ доранд. 
«ПСЖ» аввалин дастае нест, ки барои ин футболбози марокашӣ талош дорад, ҳамчунин клубҳои «Челси» ва «Ювентус» низ мақсади ба даст овардани Ашраф Хакимиро доранд. 
Хакимӣ аз соли 2018 дар ҳайати «Боруссия» бозӣ мекунад. «Реал» дастпарвари худро ба муҳлати ду сол ба иҷора додааст. 
Шартномаи муҳофизатгари мазкур бо клуби шоҳона то тобистони соли 2021 эътибор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив