LIVE

Рекорди Ашраф Ҳакимӣ дар футболи Олмон

Футболбози “Боруссия” Ашраф Ҳакимӣ дар рақобат бар муқобили  дастаи  Лейптсиг (3:3) рекорди нав дар таърихи Бундеслига гузошт.  Дар яке аз ҳолатҳо муҳофизатгари 21 солаи марокашӣ суръати худро ба  36,2 км/ дар як соат тез кард, ки дар таърихи мусобиқоти мазкур бо чунин ҳаракати тирвор касе натиҷа нишон надода буд.    
Ашраф Хакимӣ ба “Боруссия” аз “Реал” ҳамчун футболбози иҷора омадааст ва ӯ бояд то соли 2020 дар Дортмунд боқӣ монад.  Дар баробари суръати тези доштааш футболбози марокашӣ дар Лигаи чемпионҳо ба дарвозаи  Интер (3:2) ду гол ба самар расонид. Роҳбарияти “Боруссия”  ҳадаф доранд, то барои як мавсими дигар ин муҳофизатгари марокашии “Реал”-ро дар Олмон нигоҳ доранд, вале мадридиҳо бошанд, бозгашти ӯро ба даста, бесаброна интизоранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив