LIVE

Футболбози ӯзбек ҳамдастаи Роналду мешавад

"Ювентус" мехоҳад, Элдор Шомуродовро ба даст орад.

"Ювентус" ба ҳамлагари узбеки "Ҷеноа"  Элдор Шомуродов мароқ зоҳир кардааст. Дар ин бора Николо Шира, рӯзноманигори нашрияи итолиёвии La Gazzetta dello Sport, дар сафҳаи Твиттери худ навиштааст. Ба гуфтаи рӯзноманигор, роҳбарони ду дастаи Италия тавассути агент Валерио Ҷуффрида дар ин бора суҳбат намудаанд.
Тибқи иттилои портали Transfermarkt, шартномаи футболбоз бо "Ҷеноа" то 30 июни соли 2024 амал мекунад.  Арзиши трансфери Шомуродов 7 миллион евроро ташкил медиҳад.

Шомуродов 25 сол дорад. Моҳи октябр аз "Ростов" ба "Ҷеноа" омад. Дар мавсими гузашта, ҳамлагар дар 33 бозии ин даста дар ҳамаи мусобиқаҳо ширкат варзида, нӯҳ гол задааст ва ду партофти самаровар додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив