LIVE

“Барселона” муваққатан Олмо ва Викторро дар Ла Лига сабти ном намуд

Нимҳимоятгари каталонии "Барселона" Даниэл Олмо ва ҳамлагар Пау Виктор, сарфи назар аз тасмими аввалия дар бораи рад кардани сабти ном барои қисми дуюми мавсим дар чемпионати Испания ба таври муваққат сабти ном гариданд.
Шӯрои олии варзишии Испания (CSD) ба нимҳимоятгар ва ҳамлагар иҷоза дод, ки бо вуҷуди рад кардани дархост аз ҷониби Ла Лига ва Федератсияи футболи Шоҳии Испания  муваққатан ба ҳайатҳои Ла Лига, Ҷоми Испания ва Суперҷоми шомил карда шаванд, дар ҳоле ки шикояти Барселона дар додгоҳ баррасӣ мешавад. 
Ёдовар мешавем, ки дар аввали моҳи январ Ла Лига ва Федератсияи футболи Испания расман рад кардани дархости “Барселона”-ро аз сабти ном шудани бозигарони “нилунориҳо” Даниел Олмо ва Пау Виктор дар қисми дуюми мавсими ҷорӣ тасдиқ карданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив