Ла Лига ва Федератсияи футболи Испания (RFEF) дар бораи бозгашти дастаҳои футбол ба тамринҳо сари як миз ҷамъ омаданд. Ин тасмимро Шӯрои олии варзишии Испания (CSD) тасдиқ кард. Тибқи маълумоти сарчашма дастаҳо дар он сурат ба тамринҳо баргашта метавонанд, ки пурра қоидаҳоро риоя кунанд.
Ла Лига ва RFEF барои дастгирии футболбозон 10 млн евро ҷудо намудаанд. Қаблан президенти Ла Лига Хавйер Тебас гуфта буд, ки рақобатҳои Ла Лига аз 6-ум то 28-уми июл оғоз мешаванд.