LIVE

Рафтани Гюндоган ҳам барои сабти ном кардани Олмо кӯмак намекунад

Бошгоҳи каталонии «Барселона» бо вуҷуди рафтани нимҳимоятгари олмонӣ Илкай Гюндоган наметавонад як бозигари нав, нимҳимоятгари испанӣ, қаҳрамони Аврупо Даниэл Олморо сабти ном кунад. Дар ин бора нашрияи испании El Partidazo de COPE хабар додааст.
Тибқи иттилои сарчашма, клуб бояд боз як бозигари дигарро бифурӯшад ё шартномаи калони сарпарастӣ ба имзо расонад, зеро мушкилоти молӣ барои сабти номи бозигарони нав ба бошгоҳи каталонӣ боқӣ мемонад.
Маврид ба зикр аст, ки футболбоз ҳайати бошгоҳро ҳамчун бозигари озод тарк кард. Тибқи иттилои расонаҳо, нимҳимоятгар ба ҳайати дастаи «Манчестер Сити» баргашт.
Ёдовар мешавем, ки Гюндоган тобистони соли 2023 пас аз 7 соли дар Манчестер Сити буданаш, ба сифати футболбози озод ба Барселона гузариш анҷом дода буд. Дар ҳайати клуби англисӣ, бозигари олмонӣ панҷ маротиба унвони қаҳрамонии Англияро ба даст овардааст.
Олмо моҳи августи соли 2024 аз дастаи Лейптсиг ба «Барселона» гузашт. Маблағи трансфер 55 миллион евро бо ҷамъи бонусҳо буд. Шартномаи футболбоз бо даста то соли 2030 баста шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив