LIVE

"Барса" барои Ла лига танҳо 17 бозигарро сабти номи кардааст

Ба иттилои Sport.es, «Барселона» ҳамагӣ 17 бозигарро барои чемпионати Испания сабти ном кардааст.

Ҳеҷ яке аз футболбозе, ки тобистон харидорӣ шудаанд,  ба ин рӯйхат шомил нашуданд: Рафиня, Франк Кессие, Андреас Кристенсен, Роберт Левандовски ва Жюл Кунде, инчунин Усмон Дембеле ва Серхи Роберто, ки бо онҳо шартнома тамдид шудааст, дар дархости  нав нестанд. Ин бозигарон метавонанд баъдтар сабти ном шаванд, вақте ки роҳбарияти "Барселона"  мушкилии маоши ҳадди ақали Ла Лигаро ҳал кунад.

Айни замон  Барселона дар дархост инҳоро шомил кардааст:

Дарвозабон: тер Штеген (рақами бозигарӣ - 1).

Ҳимоятгарон: Дест (2), Пике (3), Араухо (4), Алба (18), Гарсия (24), Умтити (бе рақам).

Нимҳимоятгарон: Бускетс (5), Педри (8), Пянич (16), Де Йонг (21), Нико Гонсалес (бе рақам).

Ҳамлагарон: Торрес (11), Фати (10), Депай (14), Обамеянг (17), Брайтуэйт (бе рақам).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив