LIVE

Депай ё Обамеянг бояд "Барселона"-ро тарк намоянд

Дар равзанаи трансфери тобистона аз ду як ҳамлагар Мемфис Депай ё Пйер-Эмерик Обамеянг бояд «Барселона»-ро тарк кунад.
Қайд карда мешавад, ки роҳбарияти «Барселона» омодаанд, ки ба Депай мақоми агенти озод бидиҳанд ва ҳоландӣ дастаи нав пайдо кунад.
Ёдовар мешавем, ки Депай тобистони соли 2021 бозигари тими “Барселона” шуда буд. Аз он вақт инҷониб, Мемфис дар 37 бозӣ 13 гол зада, 2 партофти головар низ кардааст. Мӯҳлати созишномаи байни тарафҳо тобистони соли 2023 ба поён мерасад.
Обамеянг аз январи соли 2022 аз «Арсенал»-и Лондон ба «Барселона» омад. Ҳамлагари габонӣ то соли 2025 бо каталониҳо қарордод бастааст. Дар маҷмӯъ, ҳамлагар дар ҳайати «Барселона» 23 бозӣ гузаронида, дар он 13 гол задааст. Роберт Левандовски, ки қаблан дар “Бавария” бозӣ мекард, ба ҳайати “Барселона” пайваст. Ҳамзамон дар «Барселона» боз як чанд ҳамлагарони дигар низ сабти ном шудаанд ва ин аз меъёр зиёд аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив