LIVE

Обамеянг аввалин бозигари асри 21 аст, ки дар Фаронса, Олмон, Англия ва Испания хет-трик кардааст

Ҳамлагари дастаи «Барселона» Пйер-Эмерик Обамеянг, дар бозии даври 25-уми чемпионати Испания ба дарвозаи дастаи «Валенсия» (4:1) хет-трик кард. Ҳамлагари габонӣ аввалин футболбоз дар асри 21 шуд, ки дар чемпионатҳои Фаронса, Олмон, Англия ва Испания муаллифи хет-трик шудааст. Дар аввал Обамеянг-и 32-сола дар ин дидор дубл кард, вале баъдан тӯби задаи нимҳимоятгар Педри низ дар исми ҳамлагари габонӣ навишта шуд. Обамеянг дар равзанаи трансфери зимистона ба сифати агенти озод ба «Барселона» гузашт. Қаблан, ҳамлагар шартномаашро бо «Арсенал»-и Лондон, ки аз январи соли 2018 дар он бозӣ мекард, бекор кард. Обамеянг бо дастаи Испания то соли 2025 шартнома баст. Обамеянг инчунин дар дастаҳои «Боруссия Дортмунд» ва «Сент-Этйен» низ бозӣ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив