LIVE

Касе маоши кам талаб мекунад, бозигари “Барселона” мешавад

Пйер-Эмерик Обамеянг расман бозигари дастаи «Барселона» гардид. Футболбози габонӣ ба ҳайси бозигари озод бо клуби каталонӣ шартнома баст. Ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки то соли 2025 қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонанд. Баъд аз он, ки “Арсенал” қарордоди худро бо Пйер-Эмерик Обамеянг  пеш аз муҳлат қатъ кард, барои “Барселона” имкони хуб пайдо шуд, ки бо ҳамлагар бидуни сарфи маблағ шартнома бандад. Обамеянг дар як ҳафта 5 ҳазор евро маош мегирад. Роҳбарият ба ҳамлагар ваъдаи баланд бардоштани муздро дар мавсими оянда кардаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив