LIVE

Боз як довталаби дигар барои Обамеянг

Роҳбарияти тими "Интер"-и Италия харидории форварди “Арсенал” - и Лондон Пйер-Эмерик Обамеянгро баррасӣ мекунанд. Харидории  бозигари 30-соларо сармураббии “Интер” - Антонио Конте талаб кардааст. Дар ин бора La Gazzetta dello Sport хабар медиҳад. Ҳамчунин дастаҳои “Барселона” ва “Манчестер Юнайтед” барои ба даст овардани Обамеянг талош доранд. Аммо худи бозигар хоҳиши ба ҳайати “Барса” пайвастанро дорад. Шартномаи Пиер-Эмерик бо “Арсенал” то 30 июни соли 2021 эътибор дорад. Аз ҷониби дигар сармураббии тими “Арсенал” - Микел Артета низ хоҳиши боқӣ монадани бозигарро дар даста дорад, аммо ҷонибҳо то ҳол наметавонанд дар тамдиди шартнома ба мувофиқа расанд. Дар ин мавсим Обамеянг дар 26 бозии ПЛА 17 гол зада, як партофти самаровар анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив