LIVE

Бускетс: Обамеянг туҳфаи бузурги “Арсенал” ба “Барселона” аст

Ниммуҳофизатгари «Барселона» Серхио Бускетс назарашро дар бораи Пйер-Эмерик Обамеянг чунин баён намудааст. 
«Вай барои мутобиқ шудан ба даста сахт кор мекунад. Барои Обамеянг вақти бештари бозӣ лозим аст ва барои ӯ ин шароит фароҳам оварда мешавад. Умедворам, ки ӯ ба мо кӯмак мекунад, зеро бозигари сатҳи баланд аст. Ӯ ба дастаи “Барселона”  ҳамчун агенти озод омадааст ва инро ман ҳамчун як туҳфаи бузург  медонам, иқрор шудааст," Серхио Бускетс.  Ёдовар мешавем, ки Обамеянг дар равзанаи трансфери зимистона ба сифати агенти озод ба «Барселона» гузашт. Қаблан, ҳамлагар шартномаашро бо «Арсенал»-и Лондон, ки аз соли 2018 дар он бозӣ мекард, бекор кард ва ройгон ба ҳайати каталониҳо ҷалб шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив