LIVE

Обамеянг имкони тарки «Барселона» ва бозгашт ба Англияро дорад

Ҳамлагари "Барселона" - Пйер-Эмерик Обамеянг имкони бозгашт ба Англияро дорад. Ба иттилои манбаъ, футболбоз метавонад фаъолияти худро дар «Челси» идома диҳад. Гуфта мешавад, ки бошгоҳи лондонӣ аллакай бо намояндаи ин бозигар музокираҳоро оғоз кардааст, аммо дар ҳоли ҳозир ба бошгоҳи каталонӣ дар мавриди интиқоли ҳамлагар муроҷиати расмӣ нарасидааст. Обамеянг аз январи соли 2022 дар "Барселона" бозӣ мекунад ва ба он ҷо аз “Арсенал”-и Лондон гузариш карда буд. Пйер-Эмерик Обамеянг бо дастаи испанӣ то соли 2025 шартнома дорад. Дар маҷмӯъ ин ҳамлагар дар ҳайати «Барселона» 23 бозӣ гузаронида, 13 гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив