LIVE

Обамеянг ба корномаи байналмилалии худ хотима бахшид

Пйер-Эмерик Обамеянги 32-сола, ҳамлагари тими “Барселона” тасмим гирифт, ки корномаи худро дар мунтахаби Габон ба охир расонад. 
Ҳамлагар аз соли 2009 ба мунтахаби кишвараш ҷалб мешавад. Дар ин муддат Обамеянг дар 72 бозӣ ширкат карда, 30 гол задааст. Бо ин нишондод ӯ беҳтарин нишонзан дар таърихи мунтахаби Гамон маҳсуб мешавад. 
Обамеянг бо мунтахаби Габон чор маротиба дар Ҷоми миллатҳои Африқо ширкат кардааст. Натиҷаи беҳтарини тими миллии кишвараш, ин ин роҳ ёфтан то марҳилаи 1/4 ниҳоии мусобиқа аст.
Обамеянг аз январи соли 2022 дар “Барселона” бозӣ мекунад. Шартномаи футболбоз бо бошгоҳи каталонӣ то моҳи июни соли 2025 амал мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив