LIVE

Франк Кессие ва Андреас Кристенсен тарки "Барселона" мекунанд

Бозигарони нави дастаи "Барселона" - Франк Кессиер ва Андреас Кристенсен, агар то рӯзи шанбе ҳамчун бозигарони расмии бошгоҳи каталонӣ сабти ном нашаванд, он вақт тарки даста мекунанд. “Барселона” ин корро бояд то оғози даври аввали Ла – Лига анҷом диҳанд, чунки дар сурати оғози чемпионат дигар ҳуқуқи сабти ном кардани бозигарони ҷадидро надорад. "Барселона" рӯзи 13-уми август бо дастаи "Райо Валекано" бозӣ мекунад. Кесйе ва Кристенсен ҳарду тобистони имсол ба тариқи ройгон ба “Барселона” гузаштанд. Кесйе қаблан дар “Милан” ва муҳофизатгари даниягӣ дар “Челси”-и Лондон бозӣ мекарданд. То оғози чемпионати Испания се рӯзи дигар мондааст, аммо то ҳол ин ду футболбоз мақоми футболбози бошгоҳи каталониро нагирифтаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив