LIVE

"Реал" дар талоши бозингари "Милан"

Нимҳимоятгари "Милан" Франк Кесйе зери таваҷҷуҳи "Реал" қарор дорад. Ба навиштаи рӯзномаи AS, "шоҳонагиҳо"  нақша доранд, ки тобистони соли оянда ҳамчун агенти озод ивуариро ба ҳайат бипайванданд.

"ПСЖ", "Барселона" ва  баъзе аз дастаҳои Премйер-лига низ даъво доранд, ки футболбози 24-соларо аз худ кунанд.

Дар мавсими ҷорӣ Кесйе дар ҳайати «Милан» 12 бозӣ анҷом дода, 2 гол задааст. Арзиши футболбоз 55 миллион евро гуфта мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив